Раиси нави вилояти Суғд ба аёдати собиқадорон рафт

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз шахсиятҳои маъруфи ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, чке аз онҳо сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз Абдунабӣ Ҳодибоев – собиқадори меҳнат мебошад, ки солҳои зиёд дар вазифаи сардори идораи кишоварзии вилоят […]

Asia-Plus

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз шахсиятҳои маъруфи ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, чке аз онҳо сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз Абдунабӣ Ҳодибоев – собиқадори меҳнат мебошад, ки солҳои зиёд дар вазифаи сардори идораи кишоварзии вилоят кор кардааст. Номбурда дар пешбурди хоҷагии халқи вилоят саҳми арзанда гузошта, новобаста аз даврони нафақа имрӯз низ дар донишгоҳ асрори касби хочагидориро ба шогирдонаш меомӯзад.

Собиқадори меҳнат, устоди пахта, депутати Совети Олии СССР Файзиниссо Тӯрабоева низ имрӯз давлати пирӣ меронад. Зимни аёдат ин зани ҳунарманд ба хотири ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ояндаи дурахшони халқ дасти дуо бардошт.

Собиқадори дигари соҳа Аҳмадҷон Қосимов бошад, ба синни мубораки 93 расидааст. Номбурда солҳои тӯлонӣ дар вазифаи мудири участкаи Унҷӣ фаъолият бурда, ҳамчун кишоварзи ботадбир барои фаровонии ҳосил ва серию пурии дастархони мардум ҳиссаи назаррас гузоштааст ва ҳамчун устоди пахта бо ордену мукофотҳои давлатӣ кадрдонӣ карда шудааст. Механизатори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов, ки имрӯз давлати пирӣ меронад, аз пешрафту тараққиёти кишвар ва озодагиву осудагии фазои он табъи болида дорад.

Гуфта мешавад, собиқадорони меҳнат аз таваҷҷуҳи роҳбари вилоят изҳори болидагӣ карданд ва дар ин вазифаи пурмасъулият барояш комёбӣ таманно намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.