Тавсияи «чораҳои оддии бехатарӣ» ба шаҳрвандони ИМА зимни сафар ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои амн барои сайёҳӣ шомил кардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввал шомил кардааст, ки дар он амнияти шаҳрвандонаш таъмин шудаанд. Ин ниҳод, ки масъули равобити хориҷии ин кишвар бо давлатҳои дунё аст, дар бахши «Машваратҳо барои сайёҳӣ» кишварҳои дунёро аз […]

Радиои Озодӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои амн барои сайёҳӣ шомил кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввал шомил кардааст, ки дар он амнияти шаҳрвандонаш таъмин шудаанд. Ин ниҳод, ки масъули равобити хориҷии ин кишвар бо давлатҳои дунё аст, дар бахши «Машваратҳо барои сайёҳӣ» кишварҳои дунёро аз назари бехтариву амният дар чор радда қарор додааст.

Раддаи чорум кишварҳоест, ки Амрико сафар кардани шаҳрвандонашро на танҳо тавсия намедиҳад, балки ҳушдор додааст, ки ба ин кишварҳо сафар накунанд.

Кишварҳое ноамне мисли Сомалӣ ва Афғонистон дар ин радда қарор доранд. Раддаи севвум “Сафарро бозбинӣ кунед” унвон дорад ва дар ин радда низ кишварҳое шомиланд, ки амният ба пуррагӣ таъмин нест.

Дар мақоми дуввум кишварҳое шомил ҳастанд, ки Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандонаш гуфтааст ҳангоми сафар ба ин кишварҳо “ниҳоят эҳтиёт кунанд”. Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ин радда Украина айни замон шомил аст.

Раддаи аввал “Чораҳои оддии бехатарӣ” унвон дорад, ки дар он кишварҳое шомиланд, ки амнияти шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ таъмин ҳастанд.

Департаменти давлатӣ ба шаҳрвандони Амрико, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро доранд, гуфтааст, омода он бошанд, ки нозирони БДА дар роҳҳои Тоҷикистон зуд-зуд мошинҳоро ба хотири тафтиши ҳуҷҷатҳо боз медоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.