Тоҷиру сиёсатмадор дар бораи Эмомалӣ Раҳмон китоб навиштанд

Нашриёти «Контраст» таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори давлатдории муосири тоҷикон» китоб чоп кард. Тоҷир Абдуқаҳҳор Холов ва сармушвоири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, доктори илмҳои таърихӣ Зафар Сайидзода муаллифони китоб мебошанд. Дар китоб зикр мегардад, ки тамоми рӯйдодҳои сарнавиштсози 25 соли охир ба номи Эмомалӣ Раҳмон марбутанд. Муаллифон бовар доранд, ки […]

Аваз Юлдошев

Нашриёти «Контраст» таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори давлатдории муосири тоҷикон» китоб чоп кард.

Тоҷир Абдуқаҳҳор Холов ва сармушвоири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, доктори илмҳои таърихӣ Зафар Сайидзода муаллифони китоб мебошанд.

Дар китоб зикр мегардад, ки тамоми рӯйдодҳои сарнавиштсози 25 соли охир ба номи Эмомалӣ Раҳмон марбутанд.

Муаллифон бовар доранд, ки китоб ба мардуми кишвар, бахусус ҷавонон барои беҳтар огаҳӣ ёфтан аз ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон кумак мекунад.

Китоб бо теъдоди 500 нусха нашр шуда, версияи электронии он дар сомонаҳои расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон гузошта шудааст.

Ҳамчунин китоб тавассути мағозаҳои китоби шаҳри Душанбе паҳн шуда, бепул ба китобхонаҳои макотиби олии кишвар дода мешавад.

Ба ақидаи муаллифон, аз ин китоб таърихшиносон, дипломатҳо, сиёсатмадорон ва шахсоне, ки ба омӯзиши фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон машғуланд, маълумоти зарурӣ дарёфт карда метавонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.