Муносибат ба ИИАО: «Ҳафт бор чен куну як бор бур»

Дар мавриди узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) Тоҷикистон шитоб надорад ва мақомоти дахлдор пайи иҷрои дастури ҳукумат доир ба таҳили ҳамаҷонибаи ин масъала мебошанд. «Ба назарам, дар ин масъала мо бояд бо усули – «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал кунем», – гуфт муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар мавриди узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) Тоҷикистон шитоб надорад ва мақомоти дахлдор пайи иҷрои дастури ҳукумат доир ба таҳили ҳамаҷонибаи ин масъала мебошанд.

«Ба назарам, дар ин масъала мо бояд бо усули – «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал кунем», – гуфт муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ба қавли номбурда, вазъи иқтисодӣ дар кишварҳое, ки ба иттиҳодҳои иқтисодӣ пайвастаанд, доимо дар ҳоли тағйир аст.

«Мо гуфта наметавонем, ки кадоме аз иттиҳод танҳо натиҷаи мусбат ба бор меоварад. Ҳеҷ рақамеро оварданӣ нестам, лекин аз васоити ахбори умуми кишварҳое, ки ба ИИАО дохиланд, ба хулосае расидан мумкин аст, ки муносибат байни кишварҳои узви он на ҳамеша яксонанд. Аз ин рӯ, имрӯз бо назардошти баъзе равандҳои хоси кишварамон, мо бояд ин масъаларо ҳамаҷонибаву амиқ мавриди таҳлил қарор диҳем», – гуфт ӯ.

Охири моҳи ноябри соли гузашта таҳлилгарони Central Asian Analytical Network (CAAN) чунин изҳори назар карда буданд, ки дар қатори Ӯзбекистону Туркманистон, суръатҳои баландтарини рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасанд, вале ба ҳар ҳол, ҷумҳурӣ гирифтори буҳрон буда, воситаҳои гуногуни раҳоӣ аз он, то пайвастан ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро баррасӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.