Барканории раиси пешини Хадамоти гумрук бо сабаби моҷарои гӯшти мурғ

Собиқ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб бо сабаби мушкили марбут ба воридоти гӯшти пастсфати мурғ ба ҷумҳурӣ аз мансабаш барканор шуд, – гуфт муовини сардори Хадамоти гумрук Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти хабарӣ. Муовини сардори хадамот қайд кард, ки дар робита ба мушкилоти зикршуда чанде аз роҳбарони идораҳо танбеҳ гирифта, бархе аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Собиқ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб бо сабаби мушкили марбут ба воридоти гӯшти пастсфати мурғ ба ҷумҳурӣ аз мансабаш барканор шуд, – гуфт муовини сардори Хадамоти гумрук Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти хабарӣ.

Муовини сардори хадамот қайд кард, ки дар робита ба мушкилоти зикршуда чанде аз роҳбарони идораҳо танбеҳ гирифта, бархе аз вазифа озод шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ Абдуфаттоҳ Ғоибро ҳамчунин роҳбари кордону соҳибтаҷриба номид. «Абдуфаттоҳ Ғоибро ҳукумат ба кори дигар гузаронид ва мо бовар дорем, ки ба мансаби роҳбарӣ, ки дар он ҷо низ фаъолияти худро пурсамар идома хоҳад дод», – илова намуд муовини сардори Хадамот.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи ноябри соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат аз сатҳи сифати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ, аз ҷумла гӯшти мурғ нигаронӣ изҳор намуд.

«Кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд? Мувофиқи натиҷаи санҷишҳо, сабабаш он аст, ки 90 фоизи маҳсулоти гӯштӣ ба қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ нестанд», – изҳор дошт Президент зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумони кишвар.

Он замон бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ  Ибодулло Қурбониён, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Шералӣ Вазиров ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.

Ба роҳбарони Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб ва Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода танбеҳ эълон шуда, вале баъдтар, санаи 18 январ Абдуфаттоҳ Ғоиб «бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан» аз мансабаш барканор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.