Маҳдудияти думоҳаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия

Дар остонаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018, ки аз 14 июн то 15 июл дар варзишгоҳҳои 11 шаҳри Русия доир мегардад, мақомоти ин кишвар дар давраи аз 15 май то 25 июл дар мавриди вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин шаҳрҳо маҳдудият ҷорӣ мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз шаҳрвандони […]

Asia-Plus

Дар остонаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018, ки аз 14 июн то 15 июл дар варзишгоҳҳои 11 шаҳри Русия доир мегардад, мақомоти ин кишвар дар давраи аз 15 май то 25 июл дар мавриди вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин шаҳрҳо маҳдудият ҷорӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз шаҳрвандони кишвар даъват мешавад, ки бидуни зарурат аз воридшавӣ ба ин шаҳрҳои Федератсияи Россия дар давраи аз 25 май то 25 июли соли равон худдорӣ намоянд.

«Шаҳрвандони хориҷие, ки ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростов-на-Дону, Самара, Саранск ва Сочии Федератсияи Россия барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва ё ин ки фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, бояд дар давоми як шабонарўз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд», – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Зикр мегардад, ки дар ин давра ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар ба ин шаҳрҳои Федератсияи Россия то саршавии чорабинии мазкур, яъне то 25 майи соли ҷорӣ ба қайдгузорӣ дар ҷойи зистро анҷом диҳанд.

«Ин талабот ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба шаҳрҳои зикршуда меоянд, дахл дошта, ба таъмини амният дар давраи баргузории ин маъракаи муҳими сатҳи байнулмилалӣ равона гардидааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Вазорат хотиррасон менамояд, ки дар ин давра чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Россия пурзӯр гашта, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд боиси татбиқи чораҳои қатъӣ аз ҷониби ма қомоти дахлдор нисбати онҳо гарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.