Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Япония дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии 12-уми ҳайати роҳбарии «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония» доир мегардад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ – Низомиддин Зоҳидӣ, Ӯзбекистонро – муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар – Саидикром Ниёзхоҷаев, Қирғизистонро – муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ – Динара […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии 12-уми ҳайати роҳбарии «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония» доир мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ – Низомиддин Зоҳидӣ, Ӯзбекистонро – муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар – Саидикром Ниёзхоҷаев, Қирғизистонро – муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ – Динара Кемелева ва Туркманистонро – муовини вазири корҳои хориҷӣ Вепа Хоҷиев намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа аз ҷониби ҳайати Қазоқистон яке аз роҳбарони департаменти Вазорати корҳои хориҷии ин давлат ва Япония – сафир-намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония оид ба Осиёи Марказӣ Тошиҳиро Аикӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 25 январ дар шаҳри Душанбе машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии  Япония  баргузор гардида, ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ ва масъалаҳои густариш ва дурнамои ҳамкориҳои судманди ду кишварро дар соҳаҳои мухталифи дуҷониба ва бисёрҷониба, алалхусус дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония”  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи кори ин ҷаласа вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Динара Кемелева мулоқот карда, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии президенти Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро ба Тоҷикистон, ки баргузории он 1-2 феврали соли 2018 дар назар аст, муҳокима карданд.

«Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония» соли 2004 бо ташаббуси Япония таъсис ёфта, ба таҳкими муколами сиёсии кишварҳои узв, рушди ҳамкории минтақавӣ, ҳавасмандсозии тиҷорат, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва табодули захираҳои инсонӣ равона шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.