Тавофуқи роҳбарони БМТ ва БРАО оид ба густариши ҳамкориҳо

Зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки рушди АврОсиё (БРАО) таҳти роҳбарии Раиси Раёсати бонки мазкур Андрей Белянинов имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти рушди иқтисод ва низоми бонкиро мавриди баррасӣ […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки рушди АврОсиё (БРАО) таҳти роҳбарии Раиси Раёсати бонки мазкур Андрей Белянинов имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти рушди иқтисод ва низоми бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати Бонки рушди АврОсиёро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар шинос намуда, изҳор дошт, ки марҳилаи солимгардонии низоми бонкӣ барои Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар навбати худ, «Андрей Белянинов таваҷҷуҳи асосиро барои мусоидат намудан дар самти қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, имкониятҳои кушодани суратҳисобҳои Бонки рушди АврОсиё дар БМТ, гузаронидани амалиётҳои СВОП ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ ҷалб намуд», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар идома раиси БМТ қайд кард, ки таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои зикршуда пурра омӯхта шуда, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар самти ба сатҳи нав гузаронидани ҳамкориҳо ва дастгирии низоми бонкии кишвар мавриди пешниҳод қарор дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон дар қатори Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизиситон кишвари узви БРАО мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.