Эҳтимоли муайян кардани андозаи ришмонӣ дар Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, дар доираи манъи "намоиши нишонаҳои равияҳои харобиовари мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ" андозаи мондани ришро низ муайян кунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев гуфтааст, "риши махсус ва шими кӯтоҳ" яке аз нишонаҳои равияҳои мазкур буда, шахсе пайрави онҳо дониста мешавад, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, дар доираи манъи "намоиши нишонаҳои равияҳои харобиовари мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ" андозаи мондани ришро низ муайян кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев гуфтааст, "риши махсус ва шими кӯтоҳ" яке аз нишонаҳои равияҳои мазкур буда, шахсе пайрави онҳо дониста мешавад, ки ҳамаи ин нишонаҳоро дар якҷоягӣ дошта бошад ва ин нишонаҳо дар натиҷаи ташхиси махсус муайян карда мешаванд.

"Агар лозим шавад, дар онҷо дарозии риш ҳам қайд карда мешавад. Дар баробари симои зоҳирӣ ҳамчунин ба назар гирифта хоҳад шуд, ки онҳо чӣ мегӯянд ва чиро таблиғ мекунанд. Яъне, мутахассисон беасос касеро ба ҳимоят аз равияҳои тундрав айбдор нахоҳанд кард", – афзудааст Ермекбоев.

Вазорати умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон мехоҳад, нишонаҳои мазкурро дар якҷоягӣ бо вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии ин кишвар муайян кунад. Ин имкон дар пайи қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи фаъолиятҳои динӣ ва иттиҳодияҳои динии Қазоқистон" фароҳам хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ермекбоев, нишонаҳои равияҳои харобиовари динӣ метавонанд, ҳам зоҳирӣ ва ҳам идеологӣ ва равонӣ бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.