Набераи Ислом Каримов аз Британия паноҳандагӣ дархост кард

Набераи калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, писари Гулнора Каримова – Ислом Каримови 25-сола аз ҳукумати Британияи Кабир дархости паноҳандагӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба бахши ӯзбекии радиои Би-би-сӣ, вай як моҳ пеш дархосташро ба мақомоти Бритониё супурдааст. Гуфта мешавад, Ислом Каримови хурдӣ аз замоне, ки модараш Гулнора Каримова […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Набераи калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, писари Гулнора Каримова – Ислом Каримови 25-сола аз ҳукумати Британияи Кабир дархости паноҳандагӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба бахши ӯзбекии радиои Би-би-сӣ, вай як моҳ пеш дархосташро ба мақомоти Бритониё супурдааст.

Гуфта мешавад, Ислом Каримови хурдӣ аз замоне, ки модараш Гулнора Каримова дар Ӯзбекистон таҳти таъқиб қарор гирифт, зиндагиро дар Британия ихтиёр кард. Гулнора Каримова то кунун дар Ӯзбекистон зиндонист.

Тобистони соли гузашта Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Гулнораро бо айбномаи саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои ширкати офшорӣ 5 сол зиндонӣ кардааст.

Баъдтар зидди Каримова ба иттиҳоми қаллобӣ, рӯйпӯш кардани асъори хориҷӣ, риоя накардани қонунгузории гумрук ва қонунигардонии даромадҳо бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада чанд парвандаи дигар кушода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.