Имкони дар сафорат иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои тоҷикистониён

Муҳлати истифодаи шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ 10 сол буда, онро метавон дар қаламрави 166 кишвари дунё  истифода бурд. Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Россия аз 2 феврали соли равон хизматрасонии навро доир ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи куҳна ба шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи нави биометрӣ ба роҳ монд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии […]

Asia-Plus

Муҳлати истифодаи шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ 10 сол буда, онро метавон дар қаламрави 166 кишвари дунё  истифода бурд.

Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Россия аз 2 феврали соли равон хизматрасонии навро доир ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи куҳна ба шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи нави биометрӣ ба роҳ монд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, минбаъд ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Россия қарор доранд, имконият фароҳам шуд, то дар қаламрави ин кишвар шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометриро дастрас намоянд.

Барои дастрас кардани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ ба хадамоти консулгарии сафорат пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: маълумотномаи тиббӣ; нусхаи шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ; шаҳодатномаи ронандагӣ; расиди пардохти маблағ ($100). Муҳлати омода гардидани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ 14 рӯзи кориро дар бар мегирад.

Дар маълумоти Вазорат қайд мешавад, ки бартарияти шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар қаламрави Федератсияи Россия дар он аст, ки дорандаи он метавонад бо супоридани 3 имтиҳон – назарияи қоидаҳои ҳаракати роҳ, рондани автомобил дар майдони махсус (автодром) ва рондани автомобил дар шаҳр соҳиби шаҳодатномаи ронандагии Федератсияи Россия гардад.

Зимнан зикр мегардад, ки шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи нави биометрӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, муҳлати истифодаи он 10 сол аст. Дорандаи шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, метавонад онро дар қаламрави 166 кишвари дунё истифода барад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.