Парки нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода зимни нишасти хубарӣ изҳор дошт, ки фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ имрӯз яке аз мушкилоти рӯзмарраи шаҳр буда, тасмим гирифта шудааст, ки парк (мошинсарой) бунёд карда мешавад. «Шаҳр парки давлатии нақлиёти ҷамъиятӣ надошта, дар ин самт якчанд ширкатҳои хусусии нақлиётӣ фаъолият доранд, ки ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ нестанд, – иброз дошт ӯ. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода зимни нишасти хубарӣ изҳор дошт, ки фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ имрӯз яке аз мушкилоти рӯзмарраи шаҳр буда, тасмим гирифта шудааст, ки парк (мошинсарой) бунёд карда мешавад.

«Шаҳр парки давлатии нақлиёти ҷамъиятӣ надошта, дар ин самт якчанд ширкатҳои хусусии нақлиётӣ фаъолият доранд, ки ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ нестанд, – иброз дошт ӯ. – Аз ин рӯ, қарор додем, ки парки КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» таъсис диҳем».

Ба қавли раиси шаҳр, миқдори аввали иборат аз 16 автобус дар доираи як лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдиду рушд нимсолаи аввал ба шаҳр оварда хоҳад шуд.

«Муҳлати амалисозии лоиҳа то соли 2021 пешбинӣ шуда, маблағи умумиаш 10 млн. долларро ташкил медиҳад. Дар доираи ин лоиҳа парк бо 35 автобус ва беш аз 100 мошини сабукрави таксӣ таъмин мешавад», – қайд кард Исмоилзода.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки барои бунёди парки нав 4,5 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, ба сохтмони он 2 млн. доллар маблағ масраф мегардад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа айни замон 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 35 млн. доллар мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.