Ваъдаи оғози корҳои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дар соли равон

Корҳои оғози сохтмони хати баландшиддати барқи минтақавии CASA-1000 соли равон дар назар аст. Тавассути ин хат интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад. «Бевосита оғози корҳои амалисозии лоиҳа давоми соли равон дар ҳамаи кишварҳои иштирокчии лоиҳаи мазкур ба нақша гирифта шудааст», – хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон. Дар Вазорати […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корҳои оғози сохтмони хати баландшиддати барқи минтақавии CASA-1000 соли равон дар назар аст. Тавассути ин хат интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.

«Бевосита оғози корҳои амалисозии лоиҳа давоми соли равон дар ҳамаи кишварҳои иштирокчии лоиҳаи мазкур ба нақша гирифта шудааст», – хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Дар Вазорати энергетика қайд мекунанд, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳҳои табдили барқ (конверторӣ) дар қаламрави Тоҷикистону Покистон дар назар аст.

«Дар қаламрави Тоҷикистон зеристгоҳи табдили барқ бо иқтидори гузариши 1300 мВт дар Сангтӯда сохта мешавад. Тендер аз рӯи қисмати техникиаш ба итмом расид. Аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, ки сармоягузори асосии лоиҳа мебошад, тасмим гирифта шудааст, ки аввали моҳи март пешниҳодҳои молиявии ширкатҳои манфиатдор ба иштирок дар сохтмони ин иншоот баррасӣ шуда, агар пешниҳодҳо дар доираи буҷет бошанд, бо ғолиби тендер қарордоди дахлдор баста шуда, бевосита корҳои сохтмон шурӯъ мешаванд», – таъкид мекунанд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистну Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 пешбинӣ шуда, арзиши умумии он беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.

Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.