Намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе моҳи март доир мегардад

Зимни мулоқоти раисони Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон – Саид Шариф ва Ӯзбекистон – Ботурҷон Асадов дар Душанбе ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки намоишгоҳи навбатии молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар пойтахти Тоҷикистон моҳи март баргузор мешавад. Зимни мулоқот Шариф Саид ба мусоидат ҷиҳати ташкили ин чорабинӣ дар сатҳи баланд омодагӣ изҳор намуда, зикр кард, ки дар ҷараёни […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни мулоқоти раисони Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон – Саид Шариф ва Ӯзбекистон – Ботурҷон Асадов дар Душанбе ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки намоишгоҳи навбатии молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар пойтахти Тоҷикистон моҳи март баргузор мешавад.

Зимни мулоқот Шариф Саид ба мусоидат ҷиҳати ташкили ин чорабинӣ дар сатҳи баланд омодагӣ изҳор намуда, зикр кард, ки дар ҷараёни он имзои қарордодҳои зиёде миёни корхонаву ширкатҳои кишварҳо дар назар аст, ки дар навбати худ ба рушди бештари муносибатҳои дуҷониба, муколама байни соҳибкорон ва афзоиши нишондиҳандаҳои тиҷоративу иқтисодии давлатҳо мусоидат мекунанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҷонибҳо ба намоишгоҳ ва ҳамоишҳои кории баргузоршуда дар соли 2017 баҳои баланд дода, қайд карданд, ки онҳо муваффақона сурат гирифта, ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Гуфта мешавад, баъди вохӯрӣ меҳмонон бо мақсади интихоби ҷойи баргузории намоишгоҳ аз якчанд иншоот боздид намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.