Акнун ҳар як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон президент шуда метавонад

Парлумони кишвар имрӯз тағйироту иловаҳо ба қонунҳои кишвар «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд. Тағйирот ба синнусол дахл дошта, акнун шахсоне, ки ба синни 30-солагӣ мерасанд, метавонанд президенти ҷумҳурӣ ё аъзои палатаи болоии парлумон интихоб шаванд. Ин тағйирот аз тағйироту иловаҳои воридшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парлумони кишвар имрӯз тағйироту иловаҳо ба қонунҳои кишвар «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд.

Тағйирот ба синнусол дахл дошта, акнун шахсоне, ки ба синни 30-солагӣ мерасанд, метавонанд президенти ҷумҳурӣ ё аъзои палатаи болоии парлумон интихоб шаванд.

Ин тағйирот аз тағйироту иловаҳои воридшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон дар раъпурсии умумихалқии 22 майи соли 2016 бармеоянд, ки мувофиқи он синнусоли номзадҳо ба президент ва аъзои Маҷлиси миллӣ аз 35 то ба 30-солагӣ поин бурда шуд.

Тибқи тағйироти тасдиқшуда ба қонун «Дар бораи интихоботи президент», боздошт ва ҳабси номзади расман ба мансаби президентӣ сабтшуда танҳо бо розии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ имконпазир аст.

Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки маблағгузории интихоботи президентӣ аз ҷониби кишварҳо, ташкилот ва шахсони воқеии хориҷӣ манъ аст.

Дар тағйироти қабулшуда ба қонун «Дар бораи интихобот ба парлумон» меъёре муқаррар шуд, ки мутобиқи он номзад ба вакили палатаи поёнии парлумон ҳатман бояд муддати 5 соли охир дар қаламрави кишвар зиндагӣ карда бошад. Барои номзад ба вакилӣ дар палатаи болоии парлумон ин муҳлат 7 солро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин номзадҳо ба вакилии ҳарду палатаи парлумон даҳ рӯз пеш метавонанд ихтиёрӣ аз маъракаи пешазинтихоботӣ хориҷ шаванд. Қаблан ин муҳлат ба 7 шабонарӯз баробар буд.

Тағйироти қабулшуда ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имкон медиҳанд, ки ҳайати комиссияҳои қитъавии интихоботиро таъсис ва тасдиқ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон аз Ҳизби коммунист Ҷаббор Аҳмедов изҳори умедворӣ намуд, ки зимни тасдиқи ҳайатҳои комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ақидаҳои аҳзоби сиёсии кишвар низ ба инобат гирифта мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.