Барканда шудани «девори Каримов» дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Озодлик

Дар гузаргоҳи марзии Саразм – Ҷартеппа байни вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд девори маъруф миёни мардум ҳамчун «девори Каримов» барканда шуд.

Хабаргузории Озодлик дар ин робита менависад, дар маросими баркандани девор ҳайатҳои сархадбонони Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Ин девор соли 2010 бо ташаббуси ҳукуматдорони ӯзбек сохта шуда буд.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон ба хабаргузорӣ изҳор доштаанд, ки дар ин гузаргоҳ сохтмони терминал, меҳмонхона ва истгоҳҳои автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Осим Ҷамолов, сокини деҳаи Саразми шаҳри Панҷакент, ки дар наздикии ин гузаргоҳ воқеъ аст, қайд кардааст, ки аҳолии маҳаллӣ бар ин назар аст, ки тағйирот дар сарҳад гувоҳи беҳбуди муносибатҳо байни ҳамсоякишварҳо мебошад.

– Қаблан мо ба минтақаҳои  кишвари ҳамсоя зиёд сафар мекардем ва маҳсулотро аз Самарқанд мехаридем, чунки маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд аз деҳоти мо хеле дур, дар масофаи 250 километр ҷойгир буда, масофа то Самарқанд бошад, ҳамагӣ 36 километрро ташкил медиҳад, – гуфтааст номбурда.

Як рӯзноманигор аз шаҳри Панҷакент изҳор доштааст, ки расми ифтитоҳи гузаргоҳи Саразм – Ҷартеппа нимаи моҳи оянда дар назар буда, айни замон дар Панҷакент ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мегиранд ва иштироки ҳайати Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ пешбинӣ мешавад.

– Мегӯянд, ки дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Панҷакент сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок мекунанд ва маросими расмии гузаргоҳ низ бо ҳузури онҳо баргузор мешавад, – гуфтааст рӯзноманигори тоҷик.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола бо иштироки президент ҷашни Наврӯз расман дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон доир мегардад ва тибқи баъзе маълумот, имсол Наврӯз расман дар шаҳри Панҷакент ҷашн гирифта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи март сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар назар аст, ки дар ҷараёни он байни давлатҳо як қатор созишномаҳои муҳим ба имзо мерасанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...