Расидагии вакилон ба шикояти мардум аз маблағҳои зиёди барқпулӣ

Аваз Юлдошев

Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯза норозигии мардуми қариб тамоми минақаҳои кишварро ба роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода расониданд.

Ба гуфтаи вакилон Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Исмонов, як қисмати муайяни истифодабарандагони нерӯи барқ аз он шикоят доранд, ки ҳисобкунакҳои насбшуда ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, нодуруст кор мекунанд: ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳисобкунакҳо истифодаи барқро аз миқдори ҳақиқиаш бамаротиб зиёд нишон медиҳанд.

«Оё ҳисобкунакҳои барқии ба кишвари мо воридшуда аз Чин ба меъёрҳои худи ин давлат ё ҳадди ақал ба меъёрҳои яке аз кишварҳои Африқо ҷавобгӯ бошанд?», – савол дод вакил Исмонов ба раиси ширкати «Барқи тоҷик».

Ба ҳамаи ин саволҳо Мирзо Исмоилзода посух дод, ки имрӯз дар саросари кишвар 1 млн. 300 истифодабарандагони барқ пурра бо ҳисобкунакҳо таъмин гардидаанд. Ӯ далели сабти нишондиҳандаи зиёди ҳисобкунакҳоро рад намуда, зикр кард, ки «арзу шикоятҳои расида аз ҷониби аҳолӣ ҳамеша санҷида мешаванд».

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз раиси ширкати «Барқи тоҷик» пурсид, ки чаро давра ба давра тарифҳо ба истифодаи нерӯи барқ дар кишвар зиёд мешаванд.

«Болоравии тарифҳои истифодаи барқ асосан ба он марбутанд, ки солҳои охир Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти низоми энергетикии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 2 млрд. доллар қарз гирифта, барои баргардонидани маблағи қарз мо маҷбурем, ки тарифҳоро зиёд кунем», – посух дод Мирзо Исмоилзода.

Ёдрас мекунем, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 киловатт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...