Фестивали фарҳангию сайёҳӣ бори нахуст дар Душанбе

Дар Душанбе бори нахуст таҳти унвони  “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳии Наврӯзи байналмилалӣ  баргузор мешавад. Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ санаи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки  аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ […]

Дар Душанбе бори нахуст таҳти унвони  “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳии Наврӯзи байналмилалӣ  баргузор мешавад.

Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ санаи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки  аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баргузор мегардад.

Дар фестивали мазкур ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун симои (бренди) сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврӯз ба Тоҷикистон ташриф меоранд, муаррифӣ карда шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишварро ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Ин ба як механизми доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода шавад.

Боиси қайд аст, ки барои муаррифии Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, дар назар аст, ки имсол гуруҳҳои сайёҳон ба таҷлили ҷашни Наврӯз ба ҷумҳурии мо сафар мекунанд.

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик мебошад.

Аз сӯи дигар Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳиси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.