РВКД: Ронандаи кӯдаконро пахшкарда шаҳодатномаи ронандагӣ надорад

Asia-Plus

Ронандаи автомашинае, ки дар Душанбе кӯдаконро пахш намуда, ба ҳалокати онҳо боис гардид, ба рондани воситаи нақлиёт ҳуқуқ надошт.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шоми санаи 22-юми феврал ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе, дар болои гузаргоҳи танзимшаванда қоидаҳои бехатарии харакат дар роҳро дағалона вайрон намуда, пиёдагардони хурдсол Ҳамза Норови 10-сола ва Дилноза Нороваи 11-сола, сокинони пойтахтро пахш намуд.

«Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона пиёдагардони хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд», – омадааст дар маълумоти РВКД.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир шуда, муайян гардид, ки ин ҷиноятро ронандаи автомашинаи тамғаи “Ауди” ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ сокини пойтахт, шаҳрванд Маъруф Шарифови 25-сола содир намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ронандаи фирорӣ барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда,  дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мувофиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон,  барои ронандае, ки бо гуноҳи ӯ бар асари садамаи нақлиёт ду ё зиёда аз он касон ҳалок мешаванд, аз панҷ то даҳ сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Шахсе, ки амалро содир кардаасту шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, ба ҷазои аз 10 то 15 соли зиндон маҳкум мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...