Вохӯрии судманди сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Фарғона

Дар шаҳри Фарғона рӯзи 24 феврал таҳти раҳбарии сарвазирони Ӯзбекистону Тоҷикистон Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласа аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва сохторҳои иқтисодии ду кишвар иштирок карданд. Зимни гуфтушунид роҳбарони ҳайатҳои […]

Дар шаҳри Фарғона рӯзи 24 феврал таҳти раҳбарии сарвазирони Ӯзбекистону Тоҷикистон Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласа аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва сохторҳои иқтисодии ду кишвар иштирок карданд.

Зимни гуфтушунид роҳбарони ҳайатҳои ҷонибҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳои ҳамкорӣ баҳои баланд доданд.

Зикр гардидааст, ки ба туфайли иродаи сиёсии сарони кишварҳо робитаҳо дар сатҳи олӣ фаъол шуда, ҳайатҳои ҳукумати ҳарду кишвар дар вохӯриҳои гуногуни сатҳи давлатӣ ширкат ва масоили матраҳшуда муваффақона ҳал мешаванд. Дар шаҳрҳои Тошканду Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулоти давлатҳо доир гардида, баргузории онҳо имсол низ дар назар аст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили гузариши хати сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои ҷудогона баррасӣ шуда, ҷонибҳо зикр кардаанд, ки дар масъалаи таъйину аломатгузории марз дар фурсати кӯтоҳ натиҷаҳои мусбати назаррас ҳосил шуд.

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин ба масъалаҳои тадорукотии чорабиниҳои пешбинишуда дар сатҳи олӣ – таҳия ва мувофиқасозии бастаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба, созишномаву қарордод, ки зимни сафари моҳи марти президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз пеш, 23 феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири навтаъйини Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматовро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин мавзӯи омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.