Масъулияти кормандони милитсияи пойтахт ба пешгирии муноқишаҳо дар мактабҳо

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард ва муайяннамоии сабабу шароитҳои ба ҷинояткорӣ мусоидкунанда дар бораи вобастанамоии кормандони милитсия ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе фармон ба имзо расонид. Бино ба маълумоти РВКД Душанбе, ташаббуси мазкур […]

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард ва муайяннамоии сабабу шароитҳои ба ҷинояткорӣ мусоидкунанда дар бораи вобастанамоии кормандони милитсия ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе фармон ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти РВКД Душанбе, ташаббуси мазкур иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо сару либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷуён ва ташкили назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Гуфта мешавад, мувофиқи ин фармон ҳар як корманди ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи Дастгоҳи марказии Раёсат ва Шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олии дар ҳудуди пойтахт ҷойгирбуда вобаста карда шуданд.

«Кормандоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ,  миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста гардиданд,  робитаю ҳамкории зичро бо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд», – омадааст дар маълумот.

Зикр мегардад, ки илова бар ин барои пешгирии муноқишаю авбошиҳои гурӯҳӣ кормандони ба муассисаҳои таълимӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати кормандони вобастагардида санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.