КМ «Зарафшон» дар Панҷакент кӯдакистону мактаб ва роҳ месозад

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 23 феврал директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Линро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии КМ “Зарафшон” аз дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти идомаи фаъолияти ширкати истеҳсолӣ, ки бо сабаби анҷоми муҳлати иҷозатнома чанд муддат аз фаъолият […]

Наим Халимов

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 23 феврал директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Линро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии КМ “Зарафшон” аз дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти идомаи фаъолияти ширкати истеҳсолӣ, ки бо сабаби анҷоми муҳлати иҷозатнома чанд муддат аз фаъолият бозмонда буд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

«Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 “Зарафшон” дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, шумораи коргарон 2100 нафарро ташкил медиҳад, – омадааст дар хабар. – Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки ҳаҷми истеҳсолотро дар соли равон зиёд намуда, онро ба 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ расонад».

Гуфта мешавад, Раёсати корхона уҳдадор гардид, ки бо фаъол намудани хати дуюми истеҳсолӣ, ҷиҳати афзун намудани шумораи кормандон ва баланд бардоштани музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешад.

Зикр мегардад, ки раҳбарияти корхона ҳамчунин дар самти бунёди иншооти моҳияти иҷтимоидошта барои шаҳри Панҷакент саҳм гузошта, бо маблағгузории корхона дар маркази шаҳри Панҷакент сохтмони кӯдакистони замонавӣ барои 240 ҷой харҷи 8,5 миллион сомонӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди истфода қарор хоҳад гирифт.

«Ҳамзамон, таъмири асосии 15 километр роҳ ва бунёди як мактаби муосир барои 640 ҷойи нишаст дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби корхонаи муштарак ба нақша гирифта шудааст», – илова шудааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон ба шумор рафта, 70 фоиз аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар кишвар ба ҳиссаи он рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.