Ӯзбекистон боҷи вуруд ва транзити автомобилҳои Тоҷикистонро бекор карданист

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Ӯзбекистон масъалаи барҳам додани боҷи иловагӣ барои вуруд ва транзити воситаҳои нақлиёт ва автобусҳо аз Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.

«Дар фурсатҳои наздиктарин ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус қарори дахлдор қабул мекунад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Айни замон меъёри боҷи иловагӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон раҳсипор мешаванд, 180 долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, маблағи пардохт барои вуруд ва транзити нақлиёти боркаш ва автобусҳое, ки сарҳади Ӯзбекистон бо Тоҷикистонро мегузаранд, мисли пешин – 265 доллар боқӣ мемонад.

Бори охир Ӯзбекистон маблаги боҷ барои вуруд ва транзити нақлиёти автомобилии Тоҷикистонро 1 сентябри соли 2016 ба андозаи 52,5 фоиз – аз 118 долар то ба 180 доллар зиёд карда буд.

Қобили зикр аст, ки тариқи роҳҳои мошингарди Ӯзбекистон нақлиёти автомобилӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави Қазоқистон, Туркманистон ва ҳамчунин Афғонистону Қирғизистон ворид шуда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...