Қитъаи роҳи оҳани Ӯзбекистон – ҷануби Тоҷикистон корашро барқарор мекунад

Ӯзбекистон корҳои барқарор намудани қитъаи роҳи оҳани Ғалаба – Амузангро, ки Ӯзбекистонро бо минтақаи ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, ба анҷом расонид, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши нақлиёти ҳукумати Тоҷикистон. Бино ба гуфтаи манбаъ, пагоҳ, 1 март аз истгоҳи роҳи оҳани «Тирмиз»-и вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон қатораи боркаш ба самти истгоҳи «Хошади»-и ноҳияи Шаҳритӯси вилояти […]

Ӯзбекистон корҳои барқарор намудани қитъаи роҳи оҳани Ғалаба – Амузангро, ки Ӯзбекистонро бо минтақаи ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, ба анҷом расонид, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши нақлиёти ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пагоҳ, 1 март аз истгоҳи роҳи оҳани «Тирмиз»-и вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон қатораи боркаш ба самти истгоҳи «Хошади»-и ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба сафар мебарояд.

Зимнан зикр гардид, ки ба муносибати барқарор шудани равуои қатораҳо тариқи ин қитъаи роҳ, дар сарҳад вохӯрии намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва соҳаи нақлиёти ҳарду кишвар баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳо дар самти қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа, баъд аз таркиш дар роҳи оҳани ин самт моҳи ноябри соли 2011 қатъ гардида, баъдан баҳори соли 2012 Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ огаҳие ба вайрон кардани қитъаҳои ин роҳ ба самти вилояти Хатлон оғоз кард.

Баъди ин Тоҷикистон баҳри пайвсат кардани роҳҳои оҳани вилояти Хатлон бо ҷаҳони беруна ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб оғоз намуд. Дар сохтмони ин роҳ қариб 500 млн. сомонӣ маблағ сарф шуда, он моҳи августи соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Пас аз гузориши “Азия-плюс” дар бораи  духтарчаи дуюнимсолае аз ноҳияи Деваштич, ки шоҳномахонӣ мекунад, Раёсати маорифи вилояти Суғд ӯро қадрдонӣ кардааст. Гузориши мо дар мавриди...

Рустам Ятимов гаронтар шуд: дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон акнун 2 млн евро нарх дорад

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони мунтахаби миллии ҷумҳурӣ аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.