Ӯзбекистон боҷи вуруд ва транзити автомобилҳои Тоҷикистонро бекор карданист

Ҳукумати Ӯзбекистон масъалаи барҳам додани боҷи иловагӣ барои вуруд ва транзити воситаҳои нақлиёт ва автобусҳо аз Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст. «Дар фурсатҳои наздиктарин ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус қарори дахлдор қабул мекунад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Айни замон меъёри боҷи иловагӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки аз Тоҷикистон […]

Ҳукумати Ӯзбекистон масъалаи барҳам додани боҷи иловагӣ барои вуруд ва транзити воситаҳои нақлиёт ва автобусҳо аз Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.

«Дар фурсатҳои наздиктарин ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус қарори дахлдор қабул мекунад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Айни замон меъёри боҷи иловагӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон раҳсипор мешаванд, 180 долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, маблағи пардохт барои вуруд ва транзити нақлиёти боркаш ва автобусҳое, ки сарҳади Ӯзбекистон бо Тоҷикистонро мегузаранд, мисли пешин – 265 доллар боқӣ мемонад.

Бори охир Ӯзбекистон маблаги боҷ барои вуруд ва транзити нақлиёти автомобилии Тоҷикистонро 1 сентябри соли 2016 ба андозаи 52,5 фоиз – аз 118 долар то ба 180 доллар зиёд карда буд.

Қобили зикр аст, ки тариқи роҳҳои мошингарди Ӯзбекистон нақлиёти автомобилӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави Қазоқистон, Туркманистон ва ҳамчунин Афғонистону Қирғизистон ворид шуда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.