Сокини Истаравшан тифли навзоди худро куштанӣ шуд

Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қасди куштани тифли навзоди худ зани 21-солаи сокини шаҳри Истаравшанро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи  21 феврал ҷавонзан дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш мардро таваллуд кардааст.

«Бо мақсади аз мардум пинҳон доштани таваллуд кардани худ, ки аз вақти барпо намудани оиладориаш ҳамагӣ 4 моҳ гузаштааст, ӯ кӯдаки навзоди худро бо қасди куштан ба дохили ҳоҷатхона партофтааст», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, овози гиряи кӯдакро аҳли хонаводааш шунида, кӯдакро аз марг наҷот медиҳанд ва оид ба ин ҳодиса ба кормандони милитсия хабар додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел тибқи талаботи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...