Қаллобон аз Русия ширкатҳои Қазоқистону Тоҷикистонро фиреб доданд

Суди ноҳияи Кирови шаҳри Уфа аз рӯи парвандаи ҷиноӣ нисбати 4 сокини аз 31 то 62-солаи ин шаҳр ва сокини 33-солаи шаҳри Набережнии Челни ҳукм содир кард. Аз хадамоти матбуоти прокуратураи Ҷумҳурии Бошқирдистон хабар додаанд, ки давоми солҳои 2014-2015 маҳкумшудагон намояндагони ширкатҳоро бо ваъдаи имкони таъмин бо маҳсулоти нафтӣ аз корхонаҳои маъруфи коркарди нафт ба […]

Суди ноҳияи Кирови шаҳри Уфа аз рӯи парвандаи ҷиноӣ нисбати 4 сокини аз 31 то 62-солаи ин шаҳр ва сокини 33-солаи шаҳри Набережнии Челни ҳукм содир кард.

Аз хадамоти матбуоти прокуратураи Ҷумҳурии Бошқирдистон хабар додаанд, ки давоми солҳои 2014-2015 маҳкумшудагон намояндагони ширкатҳоро бо ваъдаи имкони таъмин бо маҳсулоти нафтӣ аз корхонаҳои маъруфи коркарди нафт ба гумроҳӣ меандохтаанд, хабар медиҳад Башинформ.ру.

Бо вуҷуди надоштани имкони воқеии иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон, онҳо бо шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди таъмин бо ашёи хоми нафтӣ ба маблағи беш аз 60 млн. рубл (1 млн. 69 ҳазор доллар) қарордодҳо ба имзо расонидаанд. Миёни ҷабрдидагон ширкатҳои Қазоқистону Тоҷикистон ҳузур доранд.

Ҷинояткорон мувофиқи моддаи «қаллобӣ» гунаҳкор эътироф гардида, ба муҳлати аз 3 то 5 соли зиндони шартӣ бо муҳлати озмоишии аз 2 то 5 сол маҳкум шудаанд. Ҳамчунин суд онҳоро ба пардохти зиёни ҷабрдидагон уҳдадор кардааст.

Гуфта мешавад, судшавандагон ба гуноҳи худ иқрор нашудаанд. Мақомоти прокуратура низ бинобар сабаби сабукии ҷазо, аз болои ҳукм шикоят бурданист.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.