Дар остонаи ҷашни Наврӯз, 18 марти соли 2018 Гурӯҳи ширкатҳои «55 Group» дар ҳамдастӣ бо «Inspire Central Asia» сафари кории соҳибкори муваффақи Непал Бинод Чаудхариро ба Душанбе ташкил мекунанд.
Дар доираи ин сафар санаи 19 март соати 19:00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe дар мавзӯи «Чӣ гуна метавон ширкати миллиардӣ сохт?» машғулият доир гардида, ҳамчунин бо иштироки худи муаллиф Бинод Чаудхари китоби «Бозии бузург: Зиндагиномаи илҳомбахши нахустин миллардери Непал» муаррифӣ мешавад.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Зимни чорабинии мазкур соҳибкорони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо таҷриба ва мақсадгузориҳо шахсан аз соҳибкор аз рӯйхати маҷаллаи «Forbes» шинос шуда, ҳамчунин китоби ӯро туҳфа гиранд.
Қобили зикр аст, ки сафари кории соҳибкори Непал ба Душанбе дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир мегардад, ки шарикии расмии чорабинӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Бинод Чаудхари президенти Chaudhary Group мебошад, ки аз зиёда аз 40 ширкат бо 6 ҳазор нафар кормандон дар 20 кишвари дунё иборат аст. Ӯ бо дороии 1,52 млрд. доллар ба феҳристи ҷаҳонии «Forbes» шомил аст.
Тиҷорати миллиардери Непал бахшҳои электроника, тиҷорати меҳмонхонаҳо ва сайёҳӣ, зербино, соҳаи маориф, телекоммуникатсия, амволи ғайриманқул ва маҳсулоти хӯроквориро дар бар мегирад.
Маълумоти муфассал дар бораи чорабинӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст: https://www.facebook.com/events/1738531259568516/permalink/1738531282901847/?notif_t=page_post_reaction¬if_id=1519983049570357https://www.facebook.com/events/1738531259568516/permalink/1738531282901847/?notif_t=page_post_reaction¬if_id=1519983049570357%20


