Сафари кории миллиардери Непал ба Душанбе

Дар остонаи ҷашни Наврӯз, 18 марти соли 2018 Гурӯҳи ширкатҳои «55 Group» дар ҳамдастӣ бо «Inspire Central Asia» сафари кории соҳибкори муваффақи Непал Бинод Чаудхариро ба Душанбе ташкил мекунанд. Дар доираи ин сафар санаи 19 март соати 19:00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe дар мавзӯи «Чӣ гуна метавон ширкати миллиардӣ сохт?» машғулият доир гардида, ҳамчунин […]

Иттилоияи расмии 55 Group

Дар остонаи ҷашни Наврӯз, 18 марти соли 2018 Гурӯҳи ширкатҳои «55 Group» дар ҳамдастӣ бо «Inspire Central Asia» сафари кории соҳибкори муваффақи Непал Бинод Чаудхариро ба Душанбе ташкил мекунанд.

Дар доираи ин сафар санаи 19 март соати 19:00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe дар мавзӯи «Чӣ гуна метавон ширкати миллиардӣ сохт?» машғулият доир гардида, ҳамчунин бо иштироки худи муаллиф Бинод Чаудхари китоби «Бозии бузург: Зиндагиномаи илҳомбахши нахустин миллардери Непал» муаррифӣ мешавад.

Зимни чорабинии мазкур соҳибкорони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо таҷриба ва мақсадгузориҳо шахсан аз соҳибкор аз рӯйхати маҷаллаи «Forbes» шинос шуда, ҳамчунин китоби ӯро туҳфа гиранд.

Қобили зикр аст, ки сафари кории соҳибкори Непал ба Душанбе дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир мегардад, ки шарикии расмии чорабинӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Бинод Чаудхари президенти Chaudhary Group мебошад, ки аз зиёда аз 40 ширкат бо 6 ҳазор нафар кормандон дар 20 кишвари дунё иборат аст. Ӯ бо дороии 1,52 млрд. доллар ба феҳристи ҷаҳонии «Forbes» шомил аст.

Тиҷорати миллиардери Непал бахшҳои  электроника, тиҷорати меҳмонхонаҳо ва сайёҳӣ, зербино, соҳаи маориф, телекоммуникатсия, амволи ғайриманқул ва маҳсулоти хӯроквориро дар бар мегирад.

Маълумоти муфассал дар бораи чорабинӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст: https://www.facebook.com/events/1738531259568516/permalink/1738531282901847/?notif_t=page_post_reaction&notif_id=1519983049570357https://www.facebook.com/events/1738531259568516/permalink/1738531282901847/?notif_t=page_post_reaction&notif_id=1519983049570357%20

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.