Омодагирии Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ

Бо қарори Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ҳамаи ташкилотҳои ҳизб ба корҳои омодагӣ ба маъракаҳои интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2010 дар ҷумҳурӣ оғоз карданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» раиси ҲДТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидҷаъфар Исмонов. Ба гуфтаи ӯ Шӯрои сиёсии ҳизб ба ҳамаи ташкилотҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҲДТ дастур додааст, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ҳамаи ташкилотҳои ҳизб ба корҳои омодагӣ ба маъракаҳои интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2010 дар ҷумҳурӣ оғоз карданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» раиси ҲДТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидҷаъфар Исмонов.

Ба гуфтаи ӯ Шӯрои сиёсии ҳизб ба ҳамаи ташкилотҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҲДТ дастур додааст, ки омодагӣ ба маъракаҳои интихоботиро оғоз намоянд.

«Мо таҷрибаи иштирок дар ин гуна маъракаҳои интихоботиро дорем ва иштибоҳҳои роҳдодаамонро дар интихоботи гузашта мавриди таҳлил қарор дода, роҳу воситаҳои нави кор бо интихобкунандагонро муайян мекунем», – қайд кард Исмонов.

Ба савол дар бораи омодагиаш ба гузоштани номзадӣ аз ҲДТдар интихоботи президентӣ, Саидҷаъфар Исмонов зикр кард, ки пешбарии номзад ба мансаби президентӣ дар интихобот салоҳияти анҷумани пешазинтихоботии ҳизб мебошад.

«Ман ҳозир тахмин карда наметавонам, ки тирамоҳи соли 2020 аз Ҳизби демократ кӣ ба номзадӣ ба мансаби президентӣ пешбарӣ мешавад», – изҳор дошт Исмонов.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президентии соли 2013 ба ҷонибдории раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов 36 ҳазору 573 нафар шаҳрванди кишвар овоз доданд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон 1,02 фоизро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.