«Духтар калкулятор» ва «духтар-радар» стипендияи раиси пойтахтро мегиранд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, иштирокчиёни фаъоли озмунҳои байнулмилалӣ аз Тоҷикистон Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева ба дарёфти стипендияи раиси пойтахт сазовор дониста шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар қарор зикр мегардад, ки онҳо бо маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ барои нӯҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда мешаванд. […]

Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, иштирокчиёни фаъоли озмунҳои байнулмилалӣ аз Тоҷикистон Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева ба дарёфти стипендияи раиси пойтахт сазовор дониста шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар қарор зикр мегардад, ки онҳо бо маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ барои нӯҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Исмонзода рӯзҳои 22 ва 29 октбяри соли гузашта дар барномаи "Удивительные люди”-и шабакаи телевизиони Русия бо истеъдоди худ тамошобинонро дар ҳайрат гузоштанд.

Барои қобилияти фавқулода дар ҳисобу китоби математикӣ якеро «духтар-калкулятор»-у дигариро «духтар-радар» номиданд: Ёсуман дар 2 дақиқа мисол бо 100 рақамро ҳал намуда, Манижа бо чашм суръати ҳаракати автомашинаро муайян кард.

Ғалабаи Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаеваро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «ифтихори мардуми тоҷик» номид. Ӯ аз мактаббачон даъват кард, ки аз онҳо ибрат гирифта, бештар донишу маъруифат андӯзанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.