Суръатбахшӣ ба кори таъйини сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дастур дод, ки мувофиқи тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафараш ба Тоҷикистон ҷиҳати суръатбахшӣ ба кори аломатгузорӣ ва таъйини сарҳад байни Қирғизистону Тоҷикистон аз тамоми тадбирҳо кор гирифта шавад. Сооронбой Жээнбеков санаи 5 март раиси Хадамоти давлатии сарҳадбонӣ Уларбек Шаршеев ва намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масъалаҳои аломатгузории марз Қурбонбой Искандаровро ба ҳузур […]

Наим Халимов

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дастур дод, ки мувофиқи тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафараш ба Тоҷикистон ҷиҳати суръатбахшӣ ба кори аломатгузорӣ ва таъйини сарҳад байни Қирғизистону Тоҷикистон аз тамоми тадбирҳо кор гирифта шавад.

Сооронбой Жээнбеков санаи 5 март раиси Хадамоти давлатии сарҳадбонӣ Уларбек Шаршеев ва намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масъалаҳои аломатгузории марз Қурбонбой Искандаровро ба ҳузур пазируфт, хабар дода мешавад дар сомонаи сарвари давлати Қирғизистон.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ вазъ дар сарҳадҳои давлатии Қирғизистон, ҳамчунин ҷараёни корҳои беҳбуди фаъолияти гузаргоҳҳои назоратӣ дар қитъаҳо баррасӣ шудаанд.

Зикр гардидааст, ки семоҳаи дуюми соли равон вохӯрии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масоли дуҷониба байни Қирғизистону Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти сарони ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.