Сиёсатмадор: Дӯстии тӯли асрҳо озмудашудаи тоҷикону ӯзбекон шикастнопазир аст

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муддати каме бештар аз як соли сари мансаб омадани сарвари нави давлати ҳамсоя исбот сохтанд, ки дӯстии тӯли асрҳо озмудашудаи тоҷикону ӯзбекон шикастнопазир аст, изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода. «Сарони кишварҳо ба ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муддати каме бештар аз як соли сари мансаб омадани сарвари нави давлати ҳамсоя исбот сохтанд, ки дӯстии тӯли асрҳо озмудашудаи тоҷикону ӯзбекон шикастнопазир аст, изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода.

«Сарони кишварҳо ба ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки агар иродаи сиёсӣ, ҳусни тафоҳум, арҷгузорӣ ба мавқеи ҳамдигар бошад, миёни кишварҳо мухолифате вуҷуд нахоҳад дошт, ки роҳи ҳал надошта бошад», – қайд кард ӯ.

Таъкид шуд, ки ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аввали моҳи марти соли ҷорӣ сокинони ҳарду кишварро хеле хушнуду руҳбаланд кард.

«Мардуме, ки бо реҷаи раводиду сарҳад ҷудо ва хешону наздикони худро солҳои тӯлонӣ надида буданд, самимона дар ҳаққи сарони давлатҳо дасти дуо мебардоштанд. Бовар дорам, ки сафари қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ – иқтисоду тиҷорат, амнияту соҳаи гуманитарӣ ва муносибатҳои соф инсонӣ сафҳаи нав боз мекунад», – таъкид дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Фаттоҳзода зикр кард, ки тибқи баъзе ҳисобу китоб, зиёни расида аз баста шудани алоқаи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи ноябри соли 2011 танҳо барои Тоҷикистон наздики 40 млн. долларро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки гузаштани қатораи нахусти мусофирбари хатсайри Кӯлоб – Маскав тариқи гузаргоҳи «Хошади» (Амузанг) дар марзи кишварҳо санаи 7 март дар назар аст. Роҳ то ин гузаргоҳ барқарору таъмир ва санаи 1 март ба истифода дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио