Президент ба гузоштани пайкараҳои Навоӣ ва Ҷомӣ дар Душанбе дастур дод

Дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе амр ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар асоси амри мазкур раиси шаҳри Душанбе бояд барои ба боғи «Низомиддин Алишер […]

Asia-Plus

Дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе амр ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар асоси амри мазкур раиси шаҳри Душанбе бояд барои ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон» ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.

Гуфта мешавад, тибқи дастури дигари Президенти мамлакат, дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта мешавад.

Ба роҳбарияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон намояд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон дар бораи дубора барқарор кардани пайкараҳои Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ки соли 2009 барканда шуда буд, маълумот мунташир шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.