Мирзиёевро ҳазорон нафар бо парчаму шиорҳо пешвоз мегиранд

Дар роҳ аз фурудгоҳи пойтахт то қароргоҳи муваққатӣ, ки дар ҷараёни сафар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон мешавад, президенти Ӯзбекистонро ҳазорон сокинони пойтахт бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар ва шиору лавҳаҳо пешвоз мегиранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Зимни сафари давлатии рӯзҳои 9-10 марти Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дидору гуфтушунидҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар роҳ аз фурудгоҳи пойтахт то қароргоҳи муваққатӣ, ки дар ҷараёни сафар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон мешавад, президенти Ӯзбекистонро ҳазорон сокинони пойтахт бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар ва шиору лавҳаҳо пешвоз мегиранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Зимни сафари давлатии рӯзҳои 9-10 марти Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода дар назар аст.

Маросими расмии пешвози меҳмони олимақом наздикии нимаи рӯз дар Кохи миллат доир гардида, сипас вохӯрии танҳо ба танҳои сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Пас аз ин вохӯрии васеи ҳайатҳои расмии кишварҳо доир гардида, дар фарҷоми он маросими имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматии дуҷониба баргузор мешавад, ки дар он аз имзои беш аз 20 созишномаи нав интизорӣ меравад.

Баъдан сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон барои васоити ахбори умум изҳороти муштараки худро пешниҳод мекунанд.

Қарибиҳои бегоҳ Шавкат Мирзиёев ба пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.

Сипас сарони кишварҳо дар марҳилаи хотимавии форуми иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар коҳи «Истиқлол» ва маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар маҷмааи варзишии «Манеж» иштирок мекунанд.

Шоми ҳамин рӯз сарони кишварҳо ва ҳайати расмии давлатҳо, намояндагони доираҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар консерти устодони санъати ҳарду кишвар таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» дар Кохи Борбад ширкат меварзанд.

Нимаи аввали рӯзи 10 март Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи муваққатии худ бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид мекунад.

Нимаи дуюми санаи10 март президенти Ӯзбекистон ба Тошканд раҳсипор мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.