Фестивали «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» дар Душанбе

Дар майдони маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе рӯзи 7 март таҳти унвони «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ин чорабинӣ аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти […]

Asia-Plus

Дар майдони маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе рӯзи 7 март таҳти унвони «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ин чорабинӣ аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар кишвар, ба истеҳсоли ҳаррӯзаи дохилӣ қарор додани номгӯи зиёди нону кулчақандҳои тоҷикӣ гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, дар фестивал анвои гуногуни нонӣ аз қабили кулчаҳои хурду калон, кулчақандҳо, қалама, фатир, таҳмол, орзуқ, ҳалвои сурху сафед, суманак ва ғайраҳо бо риояи тарзи омода намудани онҳо ба маъраз гузошта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.