Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти якчанд иншооти нав дар пойтахт ҳусни оғоз бахшид

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 19 март бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Донишгоҳи аграрӣ майдони варзишии «Душанбе Арена» мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, майдони варзишии «Душанбе Арена» бо паҳноии 45 ва дарозии 90 метр тибқи меъёрҳои Федератсияи байналмилалии футбол бо 1000 ҷойи нишаст бунёд гардидааст. Дар ин майдон барои гузаронидани мусобиқаҳои футбол ва машқу тамрин шароити мусоиду арзанда фароҳам аст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Сарвари давлат ва раиси пойтахт иншооти фароғатии "Дунёи афсона" барои кӯдакон ба истифода дода шуд.

“Дунёи афсона” дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.

Дар рӯзи ифтитоҳи “Дунёи афсона” яке аз аввалинҳо шуда, 20 нафар кӯдакон, ки бо иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат ба таври ройгон ҷарроҳии  нуқсонҳои модарзодии дил гузарониданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Пас аз гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ин кӯдакон комилан саломату бардам гардида, имкон пайдо карданд, ки ба мисли дигар ҳамсолони худ  ба бозиҳои серҳаракат машғул шаванд.  Кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон, Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар идома Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе санги асос гузошт.

Иншооти мазкур бо маблағи умумии 15 миллион доллари ИМА бунёд карда хоҳад шуд. Инчунин дар корҳои сохтмонии ин корхонаи истеҳсолӣ, ки наздик ба ду сол идома меёбад, 150 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб гардида, дар ин баробар бо мавриди истифода қарор гирифтани он 50 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар маросими ифтитоҳи он шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.

Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла бинои маъмурӣ, "Картодром", қаҳвахонаҳои "Азия", "Австралия", обанборҳо ва айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра таъмир гардидааст.

Бо иштироки Сарвари давлат ва раиси пойтахт ҳамчунин дар назди Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт пули роҳи оҳан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд.

Дар доираи навсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ оро дода шуда, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннати иловагӣ мебахшанд.

Корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Дар доираи таъмири пули мазкур гирду атрофи он низ таъмир гардида, ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...