«Уралские авиалинии»: Тоҷикистон дар талоши монополия кардани бозор аст

"Уралские авиалинии" – ширкати ҳавопаймоии Русия мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ин ширкатро кам карданд, ки "як талоши берун кардани ширкатҳои русӣ ва монополия кардани бозор" аст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ширкати русӣ 27 март бо нашри як изҳорот дар посух ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, ки ин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

"Уралские авиалинии" – ширкати ҳавопаймоии Русия мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ин ширкатро кам карданд, ки "як талоши берун кардани ширкатҳои русӣ ва монополия кардани бозор" аст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ширкати русӣ 27 март бо нашри як изҳорот дар посух ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, ки ин ширкат пешакӣ барои дарёфти иҷозаи парвоз муроҷиат накардааст, гуфт, 50 рӯз қабл аз оғози мавсими нави парвоз, ба мақомоти Тоҷикистон дархост фиристода, ҳамаи расмиёти заруриро иҷро кард, аммо ҷониби Тоҷикистон иҷозаи парвозҳоро надод.

Ширкат мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ширкатро кам кард. Мудирияти "Уралские авиалинии" мегӯяд, аз ин амалкард тасаввуре ҳосил мешавад, ки "ширкатҳои ҳавопаймоии русиро ба хотири монополия кардани бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон аз бозор берун мекунанд".

Чун ба иддаои "Уралские авиалинии", ширкат аз соли 1994 ба самти Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳад ва тасмими ҳукумати Тоҷикистон мувозинаи парвозҳоро, ки ба фоидаи ширкатҳои Тоҷикистон ташаккул ёфта буд, вайрон кард.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Москва пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.

Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор сохта ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои урсӣ иҷозаи парвоз намедиҳанд. Ҷониби Русия дар такя ба созишномаи қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонанд ва аз Тоҷикистон талаб дорад ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.