Эмомалӣ Раҳмон ба кишти пахта бо усули зерипардагӣ оғоз бахшид

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 29 март ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ҷамъият асосан ба парвариши пахта машғул буда, дар он заминҳои корами он ғалладонагӣ ва сабзавот низ кишт карда мешавад. Ҳамчунин ҷамъияти мазкур дар масоҳати 603,55 гектар замин боғ бунёд намудааст, ки  феълан нашъунамои хуб дорад.

Тавре дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳ иттилоъ доданд,  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 2245 саҳмдор дошта, айни замон дар ихтиёри худ 17217, 54 гектар замин дорад ва дар он 659 нафар шаҳрвандони кишвар ба таври доимӣ кору фаъолият мекунанд. Ҳамчунин ҷамъият ба зотпарварии  чорвои калони шохдор машғул буда, айни замон  саршумори чорвои он ба 550 адад мерасад.

Дар ин рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бригадаи рақами 7-и ҷамъияти мазкур ба кишти пахта бо усули зерипардагӣ оғоз бахшид.

Тавре маълум шуд, имсол танҳо дар ҳамин бригада дар масоҳати 75 гектар замин кишти пахта гузаронида мешавад, ки аз ин 46 гектари онро кишти пахтаи зерипардагӣ дар бар хоҳад гирифт.

Ба иттилои масъулин, кишти пахта бо усули зерипардагӣ имконият медиҳад, ки пахта қабл аз муҳлати муқаррарӣ барои чидан омода гашта, ҳамзамон аз лиҳози ҳосилнокӣ низ бартарияти зиёд дорад. Ҳамчунин ин усул ба сарфакорона истифода бурдани замин низ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин рӯзи 29 март Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот – меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ кард.

Масоҳати умумии меҳмонхона 2446 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ин бинои наву хуштарҳ дар муддати қариб 4 моҳ бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои даромади софи осоишгоҳ бунёд шудааст, ки баробари ба истифода доданаш дар он 30 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Тавре роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” иттилоъ доданд, соли 2017 ҳамагӣ 750 нафар сайёҳи хориҷӣ меҳмони осоишгоҳ шуда буд, акнун танҳо дар се моҳи соли 2018 беш аз 2500 нафар мизоҷ барои истироҳату табобат ин ҷойро интихоб кардаанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити қабули мизоҷон дар меҳмонхонаи якум дар роҳ ба суи иншооти дуюм Сарвари давлат Раҳмон бо як гуруҳ истироҳаткунандагон – шаҳрвандони Қазоқистон суҳбати самимии сарирроҳӣ доир кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...