Чорабиниҳои дастаҷамъона дар Хуҷанд дар мавзӯи одоби шаҳрнишинӣ

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби фаъолон ва раисони гузару маҳаллаҳо бо ташаббуси шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Шаҳрамонро обод месозем» дар мавзӯи одоби шаҳрнишинӣ, равнақ бахшидани корҳои ободонию сабзазоркунӣ чорабиниҳои мухталиф доир гардида истодааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ҳафтае як маротиба аъзоёни гурӯҳи корӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД аз натиҷаи корбарӣ ҳисобот дода, мушкилиҳои ҷойдоштаро дар гузару маҳаллаҳо баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъона дар тамоми гузару маҳаллаҳои Хуҷанд гузаронида шуда, феълан гурӯҳҳои корӣ бобати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ дар баландошёнаҳо дастур гирифтаанд.

Сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода дар ҷаласаи навбатӣ изҳор дошт, ки дар пештоқи айвону тирезаи биноҳои дар қадди роҳи нақлиётгард ҷойгир буда, овехтани либос, назди баландошёнаҳо худсарона сохтани тануру оташдон ҳусни шаҳрро коста гардонида меъёри шаҳрнишинӣ риоя намешавад.

Роҳбарияти шуъбаи милитсия бо қаноатмандӣ аз фаъолияти сафарбаршудагон қайд кард, ки танҳо дар заминаи ҳамкории якҷоя мо метавонем бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳангоми зарурият бо таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ ин камбудиҳоро бартараф созем.

Дар ҷаласа таъкид гардидааст, ки нишондиҳандаҳои ҳар як аъзои гурӯҳи корӣ баҳогузорӣ гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти самаранок қадршиносӣ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...