Дастоварди навбатии толибилмони тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Дастаи толибилмони Тоҷикистон имрӯз аз Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба нанотехнология дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (25-31 март) ба ватан баргаштанд. Намояндагони Тоҷикистон бори дигар ҳайати ҳакамонро бо дониши худ аз фанҳои дақиқ ба ҳайрат оварда, акнун имкон доранд, ки бидуни супоридани имтиҳони дохилшавӣ донишҷӯ шуда, ба грантҳои президенти Русия соҳиб шаванд. Тоҷикистонро дар […]

Asia-Plus

Дастаи толибилмони Тоҷикистон имрӯз аз Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба нанотехнология дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (25-31 март) ба ватан баргаштанд.

Намояндагони Тоҷикистон бори дигар ҳайати ҳакамонро бо дониши худ аз фанҳои дақиқ ба ҳайрат оварда, акнун имкон доранд, ки бидуни супоридани имтиҳони дохилшавӣ донишҷӯ шуда, ба грантҳои президенти Русия соҳиб шаванд.

Тоҷикистонро дар олимпиада хонандагони литсей-интернати «Ҳотам ва ПВ»-и Тоҷикистону Русия – толибилмони синифи 9-ум Далер Пиров ва Тимур Саломатшоев ва хонандаи синфи 10-ум Фараҳманд Ҳасанов намояндагӣ карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз литсей-интернати «Ҳотам ва ПВ» хабар доданд, дар давраҳои гуногуни олимпиада қариб 9,5 ҳазор нафар муҳассилини мактабҳо, донишҷӯён, унвонҷӯён ва олимони ҷавон аз 28 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

«Маъмулан 5-6 нафар иштирокчиён, ки ба имтиёзҳои умумии бештар аз математика, физика, кимиё ва биология бо назардошти тамоили нанотехнология соҳиб мешаванд, ғолиб меоянд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, аз дастаи Тоҷикистон Далер Пиров натиҷаи беҳтарин ба даст оварда, байни ҳамаи иштирокчиён ғолиб ва нанотехнологи беҳтарин миёни ҳамсолонаш – хонандагони синфи 9-ум дониста шуд.

«Ба ӯ дипломи дараҷаи аввал ва якчанд туҳфаҳои арзишманд тақдим гардида, Тимур ва Фараҳманд низ соҳиби диплом ва ҷоизаи «Дар талоши ғалаба» (Воля к победе) соҳиб шуданд», – хабар доданд аз литсей.

Зимнан зикр гардид, ки чун ин чорабинӣ олимпиадаи сатҳи олии душвор дониста мешавад, ғолиб ва ҷоизадорони он бидуни супурдани имтиҳони қабулшавӣ метавонанд ба мактабҳои олӣ дохил шуда, ба грантҳои президенти Русия соҳиб шаванд.

«Дастандаркорон ва ҳайати ҳакамони олимпиада иборат аз профессорону кормандони илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба саводнокӣ ва сатҳи дониши толибилмони тоҷик аз рӯи ҳамаи фанҳо баҳои баланд доданд», – илова карданд дар литсей.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.