Мушкилоти нав дар марз бо Ӯзбекистон: навбатпойӣ ва порагирӣ?

Дар гузаргоҳи Ойбеки марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд садҳо нафар навбат мепоянд. Онҳо мегӯянд, сарҳадбонон касонеро, ки ба онҳо пул медиҳанд, бенавбат мегузаронанд. «Одамон барои гузоштани муҳр ва убури марз соатҳо мунтазир мешаванд. Аз ҷониби Ӯзбекистон навбатпойӣ нест, ҳарчанд дар он ҷо низ ду корманд нишастаанд», – хабар медиҳад сокини Тоҷикистон аз он ҷо, […]

Дар гузаргоҳи Ойбеки марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд садҳо нафар навбат мепоянд. Онҳо мегӯянд, сарҳадбонон касонеро, ки ба онҳо пул медиҳанд, бенавбат мегузаронанд.

«Одамон барои гузоштани муҳр ва убури марз соатҳо мунтазир мешаванд. Аз ҷониби Ӯзбекистон навбатпойӣ нест, ҳарчанд дар он ҷо низ ду корманд нишастаанд», – хабар медиҳад сокини Тоҷикистон аз он ҷо, ки нахост номаш ифшо гардад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, «ҷониби Тоҷикистон бархе аз одамонро бидуни навбат ба убури марз иҷозат медиҳад, барои ин пул пардохт кардан лозим будааст».

«Се нафар ҷавонон, ки паҳлӯи мо меистоданд, шиносномаҳояшонро ба касе дода, ӯ ба дохил даромад, тиреза пӯшида шуда, баъди чанде онҳо шиносномаҳояшонро гирифтанд ва сарҳадро гузаштанд, дигарон бошанд, ҳанӯз дар навбатпойӣ истодаанд», – гуфт ӯ.

Муаллифи хабар аз гузарогоҳи Ойбек мутмаин аст, ки дар ин нуқтаи сарҳадӣ навбатпойӣ сунъӣ ташкил мешавад, то ки одамон ба пардохти пул ба онҳо маҷбур шаванд.

«Касоне, ки бидуни навбат аз сарҳад гузаштанд, ба дигарон хабар доданд, ки «10 ҳазор сӯм пул мегиранд», – қайд кард манбаъ ва дар ҳамин ҳол изҳори тааҷҷуб намуд, ки сарҳадбонони тоҷик сӯми ӯзбекӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, гузаргоҳи Дӯстии шаҳри Турсунзода низ серодам аст.

«Навбатпойӣ асосан баъди соати 9 сар мешавад, – мегӯяд як манбаъ аз ин гузаргоҳ. – Аммо одамон аз пултамаъкунии ғайриқонунӣ шикоят надоранд. Ҳозир иловагӣ одамон ҷудо карданд, ки дар шиносномаҳо қайд мегузоранд. Акнун кори иҷозати гузаштани марз ба одамон каме ҷон гирифт».

Дар гузаргоҳи «Саразм – Ҷартеппа» дар Панҷакент мардум аз рафтори дағалонаи сарҳадбонон ва гумрукчиёни тоҷик шикоят мекунанд. «Лекин аз ҳодисаҳои порагирӣ чизе нашунидаем», – мегӯяд сокини маҳаллӣ.

Қобили зикр аст, ки баъди бекор шудани реҷаи раводид байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, марзи кишварҳоро ҳамарӯза беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон мегузаранд ва ин шумор торафт дар ҳоли афзоиш аст.

«Навбатпойиҳое, ки баъзан дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вуҷуд меоянд, ҳолати муваққатӣ буда, раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар фурсати наздиктарин баҳри ҳалли ин мушкилот тамоми тадбирҳои заруриро рӯи даст мегирад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон тадриҷан шумори ҳайати сарҳадбононро дар марз бо Ӯзбекистон зиёд мекунад, то ки аз навбатпоийиҳои зиёд пешгирӣ карда шавад.

Дар робита ба шикоятҳои расида ба «Азия-Плюс» аз шаҳрвандон бобати аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик талаб шудани пора аз майдафурӯшон, Улуғхоҷаев таъкид дошт: «ин кор ғайриимкон аст, чнуки ҳамаи нуқтаҳои назорати сарҳадӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ муҷаҳҳазанд».

Дар ин робита, номбурда ба шаҳрвандон пешниҳод намуд, ки дар сурати аз ҷониби сарҳадбонон тамаъ шудани пул, ба раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон муроҷиат кунанд: «имтинон медиҳам, ки ягон муроҷиат бе посух намемонад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.