Чӣ гуна акнун метавон ба Русия парвоз кард?

Муноқишаи байни Тоҷикистону Русия сари масъалаи алоқаи ҳавоӣ садҳо нафарро, ки азми сафар доштанд, овораву сарсон кард. Дар маҷмӯъ парвоз ба шаҳрҳои Русия тариқи 11 хатсайр бекор шуда, имкони манъи хатсайрҳои боқимонда ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петерьбург низ аз эҳтимол дур нест. Muhojir.news.tj тасмим гирифт, ки воситаҳои имконпазири парвоз ба Русия ва бозгашт аз онро […]

Muhojir.news.tj

Муноқишаи байни Тоҷикистону Русия сари масъалаи алоқаи ҳавоӣ садҳо нафарро, ки азми сафар доштанд, овораву сарсон кард. Дар маҷмӯъ парвоз ба шаҳрҳои Русия тариқи 11 хатсайр бекор шуда, имкони манъи хатсайрҳои боқимонда ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петерьбург низ аз эҳтимол дур нест. Muhojir.news.tj тасмим гирифт, ки воситаҳои имконпазири парвоз ба Русия ва бозгашт аз онро баррасӣ намоем.

Дӯконҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ намедонанд, ки чӣ гуна кор кунанду оё ба мусофирон билетҳо ба Маскаву Санкт-Петербургро пешниҳод намоянд ё не, зеро ин хатсайрҳо низ шояд манъ шаванд. Бо назардошти низоми харидории пешакии билетҳо (бронирование), танҳо хатсайрҳои се ширкат – Сомон Эйр ва Ют-Эйр ба Маскав ва Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр ба Санкт-Петербург боқӣ мондааст.

Мо қарор додем, ки чӣ гуна тариқи хатсайрҳои кишварҳои ҳамсоя ба Русия рафтан ва нархи онро бифаҳмем. Албатта, ин восита ноқулай аст – мусофир вақту асабро талаф дода, вале дар ҳамин ҳол нархи билет метавонад ба монанди хатсайри мустақим бошад.

 Баъзе хатсайрҳо дар кишварҳои ҳамсоя, масалан ба Екатеринбург барои касоне, ки аз Душанбе парвоз мекунанд, хеле ноқулай мебошанд. Барои расидан ба чанде аз хатсайрҳои дигар як шабонарӯз вақт лозим аст, то ки ба нуқтаи таъинот бирасед.

Масалан, хатсайр ба Қазон хеле нобоб аст. Дар Алмаато лозим меояд, ки беш аз як шабонарӯзро талаф дода, тариқи Маскав ба Екатеринбург расед. Дар Тошканд хатсайри мустақим ба ин шаҳр вуҷуд дошта бошад ҳам, лекин дар як ҳафта як маротиба мебошад. Аз Бишкек ба Екатериньбург се маротиба дар як ҳафта парвоз сурат мегирад, вале ин ҷо ҳам вақти қулайро мебояд интихоб намуд.

Мо хатсайрҳои мувофиқ ба се шаҳри Русияро дарёфта, умедворем, ки ба ҳалли мушкилоти шумо кумак мекунем.

Таваҷҷуҳ! Нархҳо то давраи охири ҳамин ҳафта зикр шудаанд.

1. Душанбе-Алмаато, Алмаато-Қазон – вақт дар роҳ (аз аввал то нуқтаи таъинот) 10 соату 25 дақиқа (хатсайри мустақим аз Душанбе 4 соат вақтро мегирифт). Нарх – 296 доллар.

Қазон-Алмаато, Алмаато-Душанбе – вақт дар роҳ 11 соату 35 дақиқа. Нархи билет – 258 доллар.

2. Душанбе-Бишкек, Бишкек-Новосибирск – вақт дар роҳ зиёда аз 9 соат. Нархи билет -264 доллар.

Новосибирск-Бишкек, Бишкек-Душанбе – вақт дар роҳ наздики 20 соат (бо шабона хобравӣ дар Бишкек ва парвоз дар рӯзи дигар). Нархи билет – 380 доллар.

3. Душанбе-Москва (Внуково), Москва-Краснодар – вақт дар роҳ қариб 9 соат. Нархи билет 320 доллар.

Краснодар-Москва (Внуково), Москва-Душанбе – вақт дар роҳ қариб 10 соат. Нархи билет – 224 доллар.

То ҳол тариқи хатсайрҳои мустақим аз Душанбе ба Маскав ва Санкт-Петербург парвозҳо анҷом дода мешаванд. Нархи билет ба ин хатсайрҳо вобаста ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз 2500 то 2700 сомониро ташкил медиҳад. Билетҳо ба Санкт-Петербург аз 2500 то 2800 сомонӣ нарх доранд.

Ҳайати Тоҷикистон иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Агентии авиатсияи гражданӣ, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия, ҳамчунин намояндагони ду ширкати ҳавоаймоии Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор шуда, имрӯз доир ба ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта дар мавриди алоқаи ҳавоӣ гуфтушунид баргузор мекунанд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.