Дастоварди навбатии толибилмони тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Asia-Plus

Дастаи толибилмони Тоҷикистон имрӯз аз Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба нанотехнология дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (25-31 март) ба ватан баргаштанд.

Намояндагони Тоҷикистон бори дигар ҳайати ҳакамонро бо дониши худ аз фанҳои дақиқ ба ҳайрат оварда, акнун имкон доранд, ки бидуни супоридани имтиҳони дохилшавӣ донишҷӯ шуда, ба грантҳои президенти Русия соҳиб шаванд.

Тоҷикистонро дар олимпиада хонандагони литсей-интернати «Ҳотам ва ПВ»-и Тоҷикистону Русия – толибилмони синифи 9-ум Далер Пиров ва Тимур Саломатшоев ва хонандаи синфи 10-ум Фараҳманд Ҳасанов намояндагӣ карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз литсей-интернати «Ҳотам ва ПВ» хабар доданд, дар давраҳои гуногуни олимпиада қариб 9,5 ҳазор нафар муҳассилини мактабҳо, донишҷӯён, унвонҷӯён ва олимони ҷавон аз 28 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

«Маъмулан 5-6 нафар иштирокчиён, ки ба имтиёзҳои умумии бештар аз математика, физика, кимиё ва биология бо назардошти тамоили нанотехнология соҳиб мешаванд, ғолиб меоянд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, аз дастаи Тоҷикистон Далер Пиров натиҷаи беҳтарин ба даст оварда, байни ҳамаи иштирокчиён ғолиб ва нанотехнологи беҳтарин миёни ҳамсолонаш – хонандагони синфи 9-ум дониста шуд.

«Ба ӯ дипломи дараҷаи аввал ва якчанд туҳфаҳои арзишманд тақдим гардида, Тимур ва Фараҳманд низ соҳиби диплом ва ҷоизаи «Дар талоши ғалаба» (Воля к победе) соҳиб шуданд», – хабар доданд аз литсей.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Зимнан зикр гардид, ки чун ин чорабинӣ олимпиадаи сатҳи олии душвор дониста мешавад, ғолиб ва ҷоизадорони он бидуни супурдани имтиҳони қабулшавӣ метавонанд ба мактабҳои олӣ дохил шуда, ба грантҳои президенти Русия соҳиб шаванд.

«Дастандаркорон ва ҳайати ҳакамони олимпиада иборат аз профессорону кормандони илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба саводнокӣ ва сатҳи дониши толибилмони тоҷик аз рӯи ҳамаи фанҳо баҳои баланд доданд», – илова карданд дар литсей.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...