Ниммарафони байнулмилалии навбатӣ дар Душанбе

Рӯзи 21 апрел ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон Ниммарафони IX байналмилалӣ баргузор мешавад. Тибқи қарори раиси пойтахт РустамиЭмомалӣ, ба иштирокчиён дар байни мардону занон, ки зинаҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи 6-ум то 31 ҳазору 150 сомонӣ (беш аз 3,5 ҳазор доллар) барои зинаи […]

Asia-Plus

Рӯзи 21 апрел ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон Ниммарафони IX байналмилалӣ баргузор мешавад.

Тибқи қарори раиси пойтахт РустамиЭмомалӣ, ба иштирокчиён дар байни мардону занон, ки зинаҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи 6-ум то 31 ҳазору 150 сомонӣ (беш аз 3,5 ҳазор доллар) барои зинаи 1-ум мукофотпулӣ ҷудо мешавад.

Ба иштирокчиёне, ки зинаи 2-юмро ишғол мекунанд – 26 ҳазору 700 сомонӣ, зинаи 3-юм – 22 ҳазору 250 сомонӣ, зинаи 4-ум – 17 ҳазору 800 сомонӣ ва зинаи 5-ум – 16 ҳазору 20 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Ниммарафони байнулмилалӣ ҳамасола дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад. Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардидааст, ки аз мақомои баланди он гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, маъмулан варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.