Тамдиди муҳлати нигаҳдории Хайрулло Мирсаидов дар боздоштгоҳ

Муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар – то июни соли ҷорӣ дароз шуд. Ӯ айни замон дар таввқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дошта, 5 апрел муҳлати чормоҳаи боздошти пешакаии ӯ бояд ба итмом мерасид. «Бо дархости прокурор бо мақсади тафтиши мукаммал ва […]

Муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар – то июни соли ҷорӣ дароз шуд.

Ӯ айни замон дар таввқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дошта, 5 апрел муҳлати чормоҳаи боздошти пешакаии ӯ бояд ба итмом мерасид.

«Бо дархости прокурор бо мақсади тафтиши мукаммал ва ва воқеъбинонаи парванда муҳлати тафтиш бори дигар ду моҳ дароз шуд. Барои мо ҳоло вақт лозим аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сарёвари проурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова.

«Мо то ҳол ба дархостамон, ки прокуратураи вилояти Суғд ба унвони раҳбарияти Ҳаракати байнулмилалии КВН дар Маскав дар мавриди ин парванда фиристода буд, посух нагирифтаем ва аз ин рӯ, дароз кардани муҳлат зарур омад», – гуфт номбурда.

Қаблан Ғоибназарова ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки дарвоқеъ ҳам дар доираи тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов прокуратура ба раҳбарияти КВН дархост фиристодааст.

«Лекин ман гуфта наметавонам, ки дархост бо кадом масъала ирсол шудааст, чунки тафтишот ҳоло идома дорад ва ин метавонад ҷараёни онро халадор созад. Дархост барои маълум кардани баъзе ҳолатҳо фиристода шуд», – гуфта буд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Қаблан Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бори дигар аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро аз маҳбас озод кунанд.

Аввали моҳи феврали соли равон бо дархости прокурор «бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда», муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.

Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.