Вазорати тандурустӣ: Толибилмони мактаби Муъминобод аз тарс беҳуш шудаанд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки 27 нафар хонандагони мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Муъминобод аз изтироби хеле сахт (ҳолати шок) беҳуш шудаанд.

Гурӯҳи корие, ки барои муайян кардани сабабҳои беҳушшавии оммавии 27 нафар хонандагони мактаб ба Муъминобод фиристода шуда буд, ба чунин хулоса расидааст.

Як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки 2 нафар хонандагон бемории саръ (эпилепсия) доштаанд.

«Аввал вазъи хонандаи синфи 5-ум Парвизи Хусрав бад мешавад, ки баъдан дар ӯ бемории эпилепсияро ошкор мекунанд: ӯ беҳуш шуда, бемориаш шиддат мегирад. Баъдан ҳолати ноболиғи дуюм бад шуда, дар ӯ ҳам эпилепсияро ошкор мекунанд. Аз изтироби ниҳоят зиёд бар асари тарсу ҳарос вазъи хонандагони боқимонда ҳам бад шудааст», – хабар дод манбаъ.

Ҳамаи ноболиғон ба бемористони ноҳия фиристода шуда, вақте ки комиссия ба Муъминобод меояд, аллакай ягон хонанда дар он ҷо бистарӣ набудааст. «Вақте комиссия омад, ҳамаи хонандагон аллакай дар дарсҳо буданд. Ба саломатии онҳо ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад», – илова карда манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Радиои Озодӣ санаи 6 апрел дар бораи беҳушшавии 27 хонандаи ин мактаб – толибилмони синфи 5 ва 7-ум хабар дод. Аз қавли Зоҳиршоҳ Ишратов, як масъули сарраёсати Идораи вогиршиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон зикр гардид, ки ташхиси фаврии хуни кӯдакон нишон додааст, ки онҳо аз кадом ғизо ё маводи кимиёӣ заҳролуд нашудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...