Шароити ҳузури хориҷиён дар Тоҷикистон беҳтар мешавад

Ояндаи наздик хориҷиён шояд ба ҷойи 3 рӯзи пешина муддати 10 рӯз худро дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гузоранд. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон» оғоз намуд. Ин тағйироту иловаҳо шароити ҳузури шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави кишвар ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ояндаи наздик хориҷиён шояд ба ҷойи 3 рӯзи пешина муддати 10 рӯз худро дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гузоранд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон» оғоз намуд.

Ин тағйироту иловаҳо шароити ҳузури шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави кишвар ба таври назаррас беҳтар месозанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти ҶТ 22 декабри соли гузашта баён гардиданд, омода шуда, мувофиқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.

Айни замон шаҳрвандони хориҷӣ ба нуқтаи таъинот омада, дар муддати 3 шабонарӯз, ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат, шиносномаҳои хориҷии худро барои ба қайд гузоштан пешниҳод мекунанд.

Ҳаҷми ҷарима барои риоя накардани қоидаҳои бақайдгирӣ ба муҳлати аз 3 то 10 рӯз – 25 доллар + 2 ҳазору 500 сомонӣ, аз 10 рӯз то 1 моҳ – 35 доллар + 2 ҳазору 500 сомонӣ маоши ҳадди ақалро ташкил медиҳад.

Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда баъди тасдиқ дар ҳарду палатаи парлумон ва имзои он аз ҷониби президент мавриди амал қарор мегиранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.