Вазорати тандурустӣ: Толибилмони мактаби Муъминобод аз тарс беҳуш шудаанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки 27 нафар хонандагони мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Муъминобод аз изтироби хеле сахт (ҳолати шок) беҳуш шудаанд. Гурӯҳи корие, ки барои муайян кардани сабабҳои беҳушшавии оммавии 27 нафар хонандагони мактаб ба Муъминобод фиристода шуда буд, ба чунин хулоса расидааст. Як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод, […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки 27 нафар хонандагони мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Муъминобод аз изтироби хеле сахт (ҳолати шок) беҳуш шудаанд.

Гурӯҳи корие, ки барои муайян кардани сабабҳои беҳушшавии оммавии 27 нафар хонандагони мактаб ба Муъминобод фиристода шуда буд, ба чунин хулоса расидааст.

Як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки 2 нафар хонандагон бемории саръ (эпилепсия) доштаанд.

«Аввал вазъи хонандаи синфи 5-ум Парвизи Хусрав бад мешавад, ки баъдан дар ӯ бемории эпилепсияро ошкор мекунанд: ӯ беҳуш шуда, бемориаш шиддат мегирад. Баъдан ҳолати ноболиғи дуюм бад шуда, дар ӯ ҳам эпилепсияро ошкор мекунанд. Аз изтироби ниҳоят зиёд бар асари тарсу ҳарос вазъи хонандагони боқимонда ҳам бад шудааст», – хабар дод манбаъ.

Ҳамаи ноболиғон ба бемористони ноҳия фиристода шуда, вақте ки комиссия ба Муъминобод меояд, аллакай ягон хонанда дар он ҷо бистарӣ набудааст. «Вақте комиссия омад, ҳамаи хонандагон аллакай дар дарсҳо буданд. Ба саломатии онҳо ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад», – илова карда манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Радиои Озодӣ санаи 6 апрел дар бораи беҳушшавии 27 хонандаи ин мактаб – толибилмони синфи 5 ва 7-ум хабар дод. Аз қавли Зоҳиршоҳ Ишратов, як масъули сарраёсати Идораи вогиршиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон зикр гардид, ки ташхиси фаврии хуни кӯдакон нишон додааст, ки онҳо аз кадом ғизо ё маводи кимиёӣ заҳролуд нашудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.