Оғози равуои автобусҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар моҳи май

Намояндагони Вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистону Ӯзбекистон охири ҳафтаи равон, 13 апрел дар шаҳри Тошканд дар бораи барқарор кардани равуои автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои бузурги ҳарду давлат созишнома ба имзо мерасонанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як намояндаи ширкати тоҷикистонии «Asian Express» дар ин робита хабар дод, равуои автобусҳои мусфирбар байни давлатҳо ба гумони ғолиб аз оғози моҳи май […]

Намояндагони Вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистону Ӯзбекистон охири ҳафтаи равон, 13 апрел дар шаҳри Тошканд дар бораи барқарор кардани равуои автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои бузурги ҳарду давлат созишнома ба имзо мерасонанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як намояндаи ширкати тоҷикистонии «Asian Express» дар ин робита хабар дод, равуои автобусҳои мусфирбар байни давлатҳо ба гумони ғолиб аз оғози моҳи май шурӯъ мешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Деҳнав ва Тирмиз панҷ хатсайри мунтазам кушода мешавад.

«Автобусҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Деҳнав ва Тирмиз, аз Панҷакент ба Самарқанд ва аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Тошканду Фарғона раҳсипор мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Тарифҳои роҳкиро ба автобусҳои ин хатсайр ва ҷадвали ҳаракати онҳо баъди имзои созишнмаи зикршуда муқаррар мешаванд.

Равуои автобусҳо ба шаҳрҳои Ӯзбекистонро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати «Asian Express» анҷом дода, ширкати Ӯзбекистонро Вазорати нақлиёти ин кишвар муайян мекунад.

Дар Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон итминон доданд, ки зимни гузаштани сарҳад байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусофирон ба ҳеҷ мушкилие дучор нахоҳанд шуд.

«Дар қаламрави гузаргоҳ мусофирон аз автобус берун баромада, баъди санҷиши хеле кӯтоҳмуддати назорати сарҳадиву гумрукӣ ба сафар идома медиҳанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Қобили зикр аст, ки равуои автоубсҳо ва алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буданд.

Аз моҳи апрели соли гузашта байни Тошканд ва Душанбе баъди танаффуси 25-сола алоқаи ҳавоӣ барқарор карда шуд.

Нимаи моҳи март реҷаи раводид байни кишварҳо бекор шуда, акнун шаҳрвандони ҳарду давлат метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз ба қаламрави ҳамдигар равуо намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.